7


  • Учителю
  • Презентация по русскому языку на тему Мирзо Турсунзода (5 класс)

Презентация по русскому языку на тему Мирзо Турсунзода (5 класс)

Автор публикации:
Дата публикации:
Краткое описание:
предварительный просмотр материала

БА ОФТОБ

Ҷӯй, Офтоб, манзили хеш аз диёри ман,

Ҷои арӯси лаълрухат аз канори ман.

Ҳарчанд асрҳо ба ҷаҳон нур додаӣ,

Аммо ту дидаӣ самарат дар баҳори ман.

Нурат, ки дар фазои ҷаҳон сайр мекунад,

Кай дида чун фазои нави беғубори ман?

Сабзидану шукуфтани гулҳои орзӯт

Танҳо муяссар аст дар ин лолазори ман.

Дар базмҳои ман ту ба рақс о, ки умрбод

Ҷӯр аст дар ҳавои ту чангу дутори ман.

Ҷорӣ намоӣ аз сари мо шӯълаҳои хеш

Монанди обҳои сари кӯҳсори ман.

Эй офтоб, гирди ту ҷамъанд зарраҳо,

Чун донаҳо ба хирмани маҳсули кори ман.

Рухро даме ки вақти саҳар боз мекунӣ,

Созам гумон зи парда барояд нигори ман.

Умри дарозу роҳи сафеде, ки соҳибӣ,

Омад дар ихтиёри ману раҳсипори ман.

Маҳкам шудаст тори муҳаббат миёни мо,

Ин буд умеду матлабу ин буд шиори ман.





1940

ДАР САРИ ТАСВИР





Эй санам, акси туро бисёр зебо мекашам,

Нусхаи ҳуснат зи рӯи барги гулҳо мекашам,

Ранги рӯят дида, лаъл аз санги хоро мекашам,

Зеби дандонат садаф аз зери дарё мекашам,

Қомататро мисли сарви боғоро мекашам.



Меҳри ту бастаст нақши доимӣ дар синаам,

Зарраҳояш сохт мисли сафҳаи зар синаам,

Кард равшан чун рухи зебои ховар синаам,

То шавӣ машҳури олам, меҳрпарвар синаам,

Ман кунун акси туро ҳам хубу аъло мекашам.



Деви шаб гардад гурезон чун барояд офтоб,

Барқ созад пора-пора пардаи тори саҳоб,

Чун баҳор ояд, равад фасли зимистон бо шитоб,

Дилрабо, ҳусни ту ҳам овард ин сон инқилоб,

Ман бинобар аз сухан дурри суханро мекашам.



Сад чаман гул резад аз ҳар хандаат, эй нозанин,

Дона-дона борад аз ҳар лафзи ту дур бар замин,

Дар миёни олимон гардидаӣ болонишин,

Халқ мегӯяд ба ин фазлу камолат офарин,

Фахрҳо карда ман аз ин сар ба боло мекашам.





1940

БА КӮҲСОРИ ТОҶИК





Салом, эй кӯҳсори Тоҷикистон

Диёри пурсафои хубрӯён.

Ғазалхон омадам монанди булбул

Ба боғат парзанон дар дидани гул.

Баландӣ он қадар дар қадду қомат,

Ки ҳатто "Боми Дунё" гашта номат.

Сарат аз барф гарчанде сафед аст,

Дилат аммо ҷавону пурумед аст.

Ҳамеша сабзу хуррам домани ту,

Тароватбахш боғу гулшани ту,

Даруни синаат чун Панҷ пурҷӯш,

Танатро лолаҳо бинмуда гулпӯш.

Ба ёдат ҳаст, як вақте ба инсон

Ҷафо кардию бигрифтӣ аз ӯ ҷон,

Чу тири тӯпи сарватдори дунё

Ҳаво додӣ ба сӯяш тармаҳоро,

Ба зери жолаву борон гирифтӣ,

Раҳи ҷангу раҳи толон гирифтӣ,

Ба одамҳои оҷиз ханда кардӣ,

Ба дом оварда ӯро банда кардӣ.

Ба болоят агар парранда ногоҳ

Паре мезад, параш месӯхт чун коҳ.

Рамиданд аз ту мурғони хушовоз,

Накардӣ баҳрашон оғӯши худ боз.

Чу дидӣ мардуми оҳанирода,

Даҳонат монд аз ҳайрат кушода.

Гирифтандат ба зери ҳукму фармон.

Шудӣ қоил ба азми болшевикон.

Кунун аз ҳусни худ гаштӣ сарафроз

Ба монанди сияҳчашмони Дарвоз.

Муборак роҳи нав, эй кӯҳсорон -

Қаротегину Дарвозу Бадахшон!

Халос аз рӯзгори танг гаштӣ,

Чу гул бишкуфтию хушранг гаштӣ.

Нишаста рӯи мошин тоҷик имрӯз

Ба ҳар ҷо меравад бо бахти фирӯз.

Касеро, ки ба ӯ додаст илҳом,

Ҳам озодию фирӯзию ҳам ном,

Ба ёд оварда мекӯшад ба кораш,

Ба нафъи давлату нафъи диёраш.





1940

ВОДИИ ҲИСОР





Солҳое, ки ман ҷавон будам,

Бехабар аз гапи ҷаҳон будам.

Бо ду чашми кушода дар олам

Ҳар чӣ медидаму намедидам.

Рӯзу шаб мегузашт бематлаб,

Беқалам, бекитоб, бемактаб.

Вақти ман сарфи беқарорӣ буд,

Хокбозию харсаворӣ буд.

Падарам хоб карда дар хона

Ким-чи мегуфт мисли девона,

Буд оҳаш чу дуди оташдон,

Чеҳрааш зард мисли барги хазон.

Модарам буд тирарӯю карахт

Мисли бебаргу бор шохи дарахт.

Нолаву оҳашон ҳисоб надошт.

Зиндагешон ба ҷузъ азоб надошт.

Дар ҷавонӣ чу ғунчаи беранг

Ман дар он хона мешудам дилтанг.

Хонамон буд дар Ҳисори қадим,

Дар Ҳисори харобаи пурбим.

Қалъае байни деҳа меистод,

Даҳшатовар чу ҳайкали ҷаллод.

* * *

Ҷониби кулбаҳои вайрона

Чашм медӯхт худписандона.

Зери он қалъа пур буд аз сарбоз,

Пур зи сарбозҳои одамтоз.

Як гурӯҳ одамон - ҷавону пир

Даст дар пушту пой дар занҷир,

Саҷдаи боргоҳ мекарданд,

Марги худро нигоҳ мекарданд.

Соддалавҳона ман ба ин манзар

Менамудам нигоҳ карда гузар.

* * *

Рӯзе аз рӯзҳои фасли баҳор,

Ки дили баччагон надошт қарор,

Берун аз деҳаи Ҳисор шудем,

Ҷониби дашти лолазор шудем.

Абрҳо рӯи осмони баланд

Болу пар боз карда мегаштанд.

Осмон беҳисоб мекорид

Бар замин донаҳои марворид.

Абр гирёну лолаҳо хандон,

Бод ларзону сабзаҳо рақсон,

Ходими давраи баҳор буданд,

Зиннаторои марғзор буданд.

Лек, ҳайҳот, андар он водӣ,

Кас намедид чеҳраи шодӣ.

Ҷилваи лолаҳо надошт асар

Ба дили одамони ин кишвар.

Дашту саҳро агарчи зебо буд,

Лек берӯҳ мурдаосо буд.

Болшевик омаду хитоб намуд;

Халқи афтода тарки хоб намуд.

Корвони ҳаёт чандин сол

Мегузашт аз миёни ҷангу ҷидол,

Оташу хун ба даҳр буд ҳоким-

Ҳокими кишвари ҷаҳони қадим.

Халқи шӯрида чун зафар бинмуд,

Зиндагонии тозае сар шуд.

* * *

Баҳри халқи ватан падар-Ленин,

Кард кору талошро талқин.

Марди деҳқон замину об гирифт,

Писару духтараш китоб гирифт.

Корвони ҳаёт кард шитоб,

То кунад бахти хешро дарёб,

Кор болои корҳо ҷӯшид,

Монда ногашта халқ ҳам кӯшид.

Қаҳрамонии халқ дар даҳ сол

Кард обод хонаи иқбол.

Мана имрӯз ман дар ин водӣ

Месароям суруди озодӣ,

Илми ленинӣ бошуурам кард,

Ҳамчу сарбози сурх зӯрам кард.

Ман дар оғӯши шаҳри зебоям,

Шаҳри зеботарини дунёям,

Шаҳри пуршаъни болшевик - эҷод,

Шаҳри нав - шаҳри хурраму обод,

Шаҳр не, боғу бӯстон ин ҷост,

Боғи уммеди тоҷикон ин ҷост.

Дили пурҷӯши Тоҷикистон аст,

Тоҷикистон тан асту ӯ ҷон аст.

Ҳар саҳар мекунад маро фарёд

Мактабу санъату клубу завод,

Ҳар кас ин ҷо ба як ҳунар банд аст,

Олиму фозилу ҳунарманд аст.

Домани шаҳр пур зи неъмат шуд.

Неъмати одамони меҳнат шуд.

Аз замини деҳоти колхозӣ

Халқ розию мамлакат розӣ.

Ҳосилоташ чун фаровон аст,

Ки аз он оби баҳр ҳайрон аст.

Шар-шари оби ҷӯйбори Ҳисор,

Вазишу гардиши насими баҳор,

Ба ситамдидагони Шарқи асир

Мекунанд ин ҳаётро тасвир,

Аз фазо қатра-қатра меборад,

Арақ аз рӯи лола мешорад,

Марди колхозчӣ бар замин озод

Мекушояд кулочи хеш кушод.

Ман ҳам аз ҷону дил дар ин водӣ

Месароям суруди озодӣ.



1940

ХАЙР, МОДАРИ АЗИЗ

Модарам, меравам аз пеши ту ман,

Ба дифои шарафу шаъни Ватан.

Меравам то ки зиреҳ пӯшам ман,

Дар раҳи фатҳу зафар кӯшам ман.

Хабар омад, ки ба тороҷи чаман

Боз карда пари худ зоғу заған.

Модарам, дар сари хашму ғазабам,

Бо сари гарму тани ғарқи табам.

Мепарам сӯи фазо мисли уқоб,

То кунам зоғи сияҳро дарёб;

Мепарам рӯ ба ҷанубу ба шимол,

То ки орам ба сари хасм завол.

Барқсон пора кунам абри сияҳ,

То насозад рухи хуршед панаҳ.

Сангаму оҳанаму пӯлодам,

Сипари мамлакати озодам.

Аз сари лонаи чуғзон гузарам,

Бомба резонда чу борон гузарам.

Ғазабам оташу қаҳрам тир аст,

Синаам тӯпу парам шамшер аст.

Мебарам дар сари болам-тобон,

Ахтари толеи халқони ҷаҳон.

Кӣ тавонад,ки маро банда кунад,

Халқро аз ватанаш канда кунад?!

н фақат хоби фашистона бувад,

Орзуи саги девона бувад.

Модар аз чеҳраи гулгуни писар

Нарм бӯсиду гирифташ дар бар,

Гуфт: "Рав, ҷанги далерона бикун

Ҷанг бо лашкари бегона бикун.

Бош фарзанди сазовори падар,

Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар".

Фурсате рафту зи паҳлуи саҳоб

Ҷилва кард ахтари пурнури уқоб,

Чашми модар ба фазо дӯхта шуд,

Рухаш аз шӯъла барафрӯхта шуд.





1941

ҲАРГИЗ



Ту зинда бош Ватан - хонаи умеди халқ,

Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.

Даме ки мешумурам пурбаҳо суханҳоро

Баландтар зи Ватан нест дар забон ҳаргиз.

Чӣ медиҳӣ ба Ватан? Ҳар касе ки пурсидам,

Ҷавоб дод: "Надорам дареғ ҷон ҳаргиз?"

Миёни халқу Ватан сахт аҳду паймон аст,

Набуду нест ҷудоӣ дар ин миён ҳаргиз.

Агарчи зад ба тани мамлакат адӯ ханҷар,

Вале нагашт Ватан сусту нотавон ҳаргиз.

Агарчи тохт ба сӯяш чу "барқ" душмани дун,

Накард хам сари тоат ба хоинон ҳаргиз.

Надидаву нашунида на чашму на гӯше

Ба мисли тӯдаи Гитлер ваҳшиён ҳаргиз.

Тамоми зулм, хиёнат, ҳақорати ӯро

Намекунем фаромӯш дар ҷаҳон ҳаргиз.

Дили даридаи модар, сари буридаи тифл

Намешаванд зи пеши назар ниҳон ҳаргиз.

Ба бод рафтани номуси духтарони ҷавон,

Пуроб гаштани чашмони хоҳарон, ҳаргиз!

Ба шаҳру деҳаи мо сӯхтор афкандан,

Хароб кардани фабрику шахту кон, ҳаргиз.

Намекунем фаромӯш то ҷаҳон боқист

Тамоми ин ҳама кирдори хоинон ҳаргиз.

Ба посбонии мо чашмҳои Лашкари сурх

Намезанад мижа ҳамчу дидбон ҳаргиз.

Фурӯғи чеҳраи лаълахтарони қасри Кремл

Намешавад нафасе кам дар осмон ҳаргиз.

Намепарад зи рухи бӯстони колхозӣ

Намуди зеби Ватан - ранги арғувон ҳаргиз.

Фазои мо, ки ғуборе дар он наёбад ҷой,

Намедиҳад ба сиёҳии шаб макон ҳаргиз.

Ба хонадони азими башар намемирад

Чароғи Ленинӣ дар даҳр ҷовидон ҳаргиз.





1942

БАҲОДУРИ ТОҶИК



Фарзанди азизи Тоҷикистон,

Аз мо ба ту сад салому табрик.

Таҳсин ба ту аз рафиқҳоят

Аз номи тамоми халқи тоҷик.

Зад шӯъла даме ки оташи ҷанг,

Монанди шарорае ту ҷастӣ,

Чашмат шуда буд гувоҳи он ки

Ҷӯшанда ту дар ғазаб шудастӣ.

Дидӣ, ки зи бохтар ба ховар

Зоғони сияҳ қанат кушоданд,

Дидӣ, ки ба гулшанат фашистон

Паймоншиканона по ниҳоданд,

Баҳри ғазабат ба ҷӯш омад,

Кардӣ ба сарат кулоҳи ҷангӣ,

Асбоби зафар гирифта бар даст,

Мондӣ қадамат ба роҳи ҷангӣ.

Вақте ки туро гусел кардем

Гуфтем, ки: "Душмани Ватанро

Аз шаҳри азизи сабзу хуррам,

Зан, эй писари далер маҳкам!"

Рафтӣ сӯи Ғарб аз дили Шарқ

Чун байрақи офтоби тобон.

Рафтӣ, ба раҳи ту дидаро дӯхт

Ҳар пиру ҷавони Тоҷикистон.

Мо дӯхта дидаро ба роҳат,

Рӯзона, шабона кор кардем,

Дар роҳи Сипоҳи Сурх худро

Монанди ту ҷонсипор кардем.

Ҳам кор намуда ҳам туро мо

Бо меҳр ҳамеша ёд кардем,

Аз чун ту писар-баҳодури хеш

Уммеди басе зиёд кардем.

Дирӯз расид муждаи нав,

К-аз дасти ту душманон ба доданд,

Дар шаҳри Ленин ҳама ба ту ном

Ҷанговари қаҳрамон ниҳоданд.

Чашмат, ки чу дидаи уқобон

Тез асту басо нишонагир аст,

Дар зери Ленингрод душман

Пайваста ба тири ту асир аст.

Донӣ, ки чӣ қадр дӯстонат

Доранд чу кӯҳ сарфарозӣ!

Донӣ, ки чӣ қадр халқи тоҷик

Имрӯз шудаст аз ту розӣ!

Дар шаҳру деҳоти ин диёрат

Мардум ҳама "Тешабой" - гӯянд...

Дар васфи ту шоирон ба ашъор

Нав-нав сухани баланд ҷӯянд.

Ҳамроҳи бародарон ба Мағриб

Эй дӯст, қадам гузоштан гир...

Чун сели баҳор зуд биштоб,

Ёрон ба ту интизор ҳастанд,

Биштоб, ки дӯстони ғарбӣ

Муштоқ ба навбаҳор ҳастанд.

Роҳи сафари муқаддасатро

Мардона қадам гузору тай кун!

Ронда, зада, кушта душманонро

Аз хоки азизи хеш ҳай кун!





1943

ФАРЗАНДИ ТУ МЕОЯД



Кушо оғӯши меҳрангези худро,эй диёри ман,

Ту, эй гаҳвораи аҷдодҳои номдори ман,

Замину боғҳои пурсафои лолазори ман,

Деҳоту шаҳрҳои пур зи шаъну ифтихори ман,

Ки сӯят меҳмон гардида фарзанди ту меояд.

Ҳамон тифле, ки бо сад нозу неъмат парваридӣ ту,

Ҳамон тифле, ки аз баҳри саодат офаридӣ ту,

Ҳамон тифле, ки онро дар баҳои ҷон харидӣ ту,

Ҳамон тифле, ки буд ҳам орзуву ҳам умеди ту,

Бузургу қаҳрамон гардида фарзанди ту меояд.

Диловар он писар рӯзе,ки мардона ба майдон рафт -

Ба зидди душмани ғаддор-бар зидди фашистон рафт,

Ба мисли оташи қаҳру ғазаб аз Тоҷикистон рафт,

Чу фарзанди вафодори Ватан бо аҳду паймон рафт,

Ватанро посбон гардида фарзанди ту меояд.

Писар нагзошт, ки ин мулки шодӣ ҷои ғамгардад,

Ба ҷои адлу инсофу карам ҳоким ситамгардад,

Писар нагзошт, ки қадри башар хоки қадамгардад,

Сари болои халқи мо ба назди хасм хамгардад,

Аҷал бар душманон гардида фарзанди тумеояд.

Ба истиқболи он гул мисли пойандоз меояд,

" - Муборак бод!" - аз Помиру аз Дарвоз меояд.

Дил аз шодӣ ба мисли боз дар парвоз меояд,

Ба гӯшам нағмаи "Шаҳноз" аз ҳар соз меояд,

Суруди шоирон гардида фарзанди ту меояд.

Биё, маҳбуб!Омад ёри ту, чун интизорон бӯс,

Аз он рухсораҳои ошнои марди майдон бӯс,

Ту ҳам, эй модари хушбахт,бо меҳри фаровон бӯс

, Тамошо кун рухашро гарму ҷӯшон бӯс, чандон бӯс,

Ки фахри модарон гардида фарзанди ту меояд.



1944

НИШОНА ДОРАД

Ёрам ба рухаш нишона дорад,

Симои баҳодурона дорад.

Бинӣ агараш миёни мардон,

Мардонагиаш баҳо надорад.

Ҳар ҷо, ки дучори душман ояд,

ӯ ҳамлаи рустамона дорад.

Сад шӯҳрату ифтихори тоза

Аз номи вай ин замона дорад.

Шодам, ки ҳамеша меҳри ҷонон

Дар синаам ошёна дорад.

Ишқи ману он миёни мардум

Ҳам қиссаву ҳам фасона дорад.

Нозам, ки ба васфи ёр Мирзо

Байту ғазалу тарона дорад.





1944

САЛЛАМНО



Дар паси кӯҳҳои қулласафед,

Ки равон аст наҳри зар-афшон,

Дар лаби рӯди Сир бувад сарсабз

Боғе аз боғҳои тоҷикон.

Ин чаман, бӯстони озода,

Манзили дилкушои зархез аст,

Меҳнати мардумони ин водӣ

Ҳайратафзою шӯҳратангез аст.

Қаҳрамонӣ дар ин замонаи нав

Ба зану марди ленинободӣ,

Мондааст аз замонаҳои қадим,

Ҳамчу мероси хуби аҷдодӣ.

Меҳри беҳадду беҳисоби Ватан

Халқи тоҷикро ба ҷӯш андохт.

Қудрати ақлу илми ленинӣ

Ватани халқро гулистон сохт.

Ёд кардӣ қасам ба раҳбар, ки

"Ватан аз пахта мекунам таъмин",

Қасам иҷро намудаӣ, эй мард,

Сад ҳазорон ба мардиат таҳсин!

Қасам - ин аксу рӯҳу виҷдон аст,

Шӯҳрати марди олам - ин қасам аст.

Қасам аз ҳар чӣ зӯру мӯътабар аст,

Шаъну номуси одам - ин қасам аст.

Ба қасам то абад вафо кардан

Сарбаландии ҳар як инсон аст.

Ҳам қасам хӯрда, ҳам адо кардан

Ин фақат кори ҷумла мардон аст!

Баъди ин фатҳу ин зафар бинам

Шоду пурханда ҳар ду рӯи туро,

Бинам аз офтоби оламтоб

Боз равшантар обрӯи туро.

Менамояд ба дида боғотат

Пурсафо дилнишину хуррамтар,

Баъди ҳар фатҳи халқ меояд

Бӯи ҷонбахши як баҳори дигар.

Ленинобод, эй диёри азиз!

Ин ҳамон бӯи навбаҳори ту аст,

Иди имрӯзаи ту тантанаи

Зафару фатҳи пахтакори ту аст.

Ба туву мардҳои майдонат

Аз дилу ҷон салому салламно!

Ҳам ба миробу бар раисонат

Шарафу эҳтирому салламно!





1945

АРӯС АЗ МОСКВА



Хабар омад, ки ояд аз майдон

Писари қаҳрамони тоҷикон,

Фотеҳ ояд ба сӯи хонаи худ,

Чун уқобе ба ошёнаи худ.

Сарфарозона шердил фарзанд

Дидаро аз назора ҳеҷ наканд.

ӯ ба рухсори пурсафои Ватан,

Деҳаву шаҳру кӯҳу боғу чаман,

Дар дили шӯхи наҳрҳои равон,

Ҳайкали пуршукӯҳи кӯҳистон:

Офтобу ситораҳои баланд,

Осмони кабуди бемонанд,

Хандаву завқи ёри ҷонона,

Гуфтугӯҳои меҳрубонона,

Дид бо дидаҳои барқафшон,

Бахту иқболи хешро хандон.



* * * * * *

Омаданд одамон, ки то бинанд

Рухи ҷанговаронаи фарзанд.

То ба ӯ марду зан салом кунанд,

Офарин хонда, эҳтиром кунанд.

Халқ оғӯш карда боз омад,

Тоҷикистон ба пешвоз омад.

Модари пир дар раҳи фарзанд

Моҳҳо, солҳо назар афканд.

Рӯзу шаб кораш интизорӣ шуд,

Дили ӯ баҳри беқарорӣ шуд.

Кард уммед чун писар ояд,

Хона аз рӯи келин орояд,

Бинад он бо камоли дилшодӣ

Писарашро ба рӯзи домодӣ.

Чун ба чашмаш рухи писар бинмуд,

Рехт ӯ ашки шодиёнаи худ.

Худ дар оғӯши марди майдон зад,

Аз рухаш бӯсаҳои ҷӯшон зад,

Кард дар лаҳзаҳои хушҳолӣ

Дили худро ба назди вай холӣ.

"Марҳабо! Модар аз сарат гардад!

Аз ду рӯю қаду барат гардад!

Дарду доғат набинам, эй писарам!

Решаи умрам, офтоби сарам!

Зуд бошад, ки хонадор шавӣ,

Соҳиби ёри дӯстдор шавӣ.

Ба ту бо ҷустуҷӯй аз ҷое

Ёфтам ман арӯси зебое,

Ба умеде, ки зудтар оӣ,

Чашми ӯ канда шуд зи раҳпоӣ".

Писар аз илтифоти модари худ

Хандае кард бо рухи хушнуд,

Гуфт: "Модар, ба синни пири ту,

Ҳаққи мӯи сафеду шири ту,

Хӯрдаам борҳо зи ҷон савганд,

Ки манам бовафо туро фарзанд.

Меҳри ту пояи камолам шуд

Решаи бахти безаволам шуд.

Меҳри ту сахт кард иродаи ман,

Ба Ватан ваъдаҳои додаи ман.

Меҳри ту марги душманон гардид,

Хотири шоди дӯстон гардид.

Берун аз раъи ту нарафтам ман.

Ҳар чӣ гуфтӣ, ба дил нуҳуфтам ман,

Лекин ин майли охирини туро

Ҳеҷ кардан наметавонам адо,

Чунки ман ёри меҳрубон дорам,

Ёр не, ҷон ба ҷои ҷон дорам.

Русдухтар, Елена номи вай аст,

Хуштар аз номи вай каломи вай аст".

Модар аз ин ҷавоб монд хомӯш,

Муддате ҷамъ карда ақлу ҳуш

Гуфт: "Фарзанд, ҷони ширинам,

З-ин хабар сохтӣ ту ғамгинам,

Назди мардум дурӯғгӯй шудам,

Таънаи одамони кӯй шудам.

Ту ки ошиқ шудӣ ба духтари рус,

Ман чӣ гӯям ба соҳибони арӯс?

Ман дигар на хаёли тӯй кунам,

На дар ин бора гуфтугӯй кунам".

- "Тӯйро сар намой аз сари нав,

Ки арӯси ту ояд аз Маскав.

Тӯйро сар намо, ки ёр ояд,

Ёр чун бӯи навбаҳор ояд,

Ёр ояд, вафову аҳд ояд,

Гӯш кун ту: садои "Шаҳд" ояд,

Оламорой офтоб ояд,

Шабдурахшанда моҳтоб ояд.

Дар ҳама моҳу солҳои ҷанг

Буд бо ман мудом ҳамоҳанг,

Ҳар ду дидем оташу хунро

Ҷангҳои зи ақл берунро.

Гоҳ якҷоя шодмон будем,

Гаҳ саропо ба ғам ниҳон будем.

Хуни ҳар дуи мо, ки яксон рехт,

Ватан онро ба ҳамдигар омехт,

Хуни худ бӯ кунам гар акнунам

Бӯи хуни вай ояд аз хунам.

На фақат дил ба ишқи он шуд банд,

Риштаи ҷони ман бувад пайванд.

Ёд дорам, ки вақти маҷрӯҳӣ

Дар барам ӯ нишаст чун рӯҳе.

Рӯзу шаб бо азоби бедорӣ

Дод баҳри давои ман ёрӣ.

Дарди ман диду чораи ман ҷуст,

Роҳи умри дубораи ман ҷуст,

Ҷой шуд бо нигоҳи меҳрангез

Дар дили ман чу як рафиқи азиз".

Модар оҳиста сар баланд намуд,

Майли гапҳои дилписанд намуд.

Дидаро кард во чу оина,

Зиндатар дид умеди дерина.

Орзӯяш намуд ҳамчун боз

Дар фазои васеътар парвоз,

Гуфт: "Эй нури чашм, бишнидам,

Ҳар чӣ гуфтӣ ту, нағз фаҳмидам.

Хоста рӯзи беҳтаринамро,

Барзада дасту остинамро,

Тӯй сар мекунем аз сари нав,

Ки арӯси ман ояд аз Маскав".





1945

ҚУРБОНИ ТУ БОШАМ

Ман дар ҳаваси чеҳраи хандони ту бошам,

Дар банди сари зулфи парешони ту бошам.



Аз лутф ишорат куну ман тохта бо сар

Ду даст ба бар, гӯш ба фармони ту бошам.



Гар ҷон талабӣ, зуд талаб кун, ки ба роҳат

Ҷон бахшаму аммо ба ғами ҷони ту бошам.



Гоҳе ту ситам созию гоҳе бинавозӣ,

Ҷоно, ман аз ин кори ту ҳайрони ту бошам.

То кай зи паят ман давам, аз ман ту гурезӣ?

Пеш о, санамо садқаву қурбони ту бошам,



Офат ба баҳори гули рӯят нарасад ҳеҷ,

То булбули шайдои ғазалхони ту бошам.





1945

САҲАРГОҲОН



Бишнав овози маро, мурғи саҳар,

То ки аз рози дилам ёбӣ хабар,

То ки ҳамовоз гардӣ субҳдам

Бо суруди мардуми соҳибқалам.

Гар ту мехоҳӣ,ки андозӣ назар

Дилкушо рӯи Ватанро хубтар,

Ҳар саҳар болу паратро боз кун,

Бо суруди шоирон парвоз кун!

Ин диёри пурсафои пурхурӯш

Субҳдам мову туро орад ба ҷӯш:

Субҳдам боғу чаман зеботаранд,

Кӯҳҳо байроқи заррин бар саранд;

Субҳдам чун офтоб ояд бурун,

Ҳусни зебои Ватан гардад фузун:

Субҳдам аз ҳар тараф форам насим

Мевазад шӯхона дар мулки азим.

Мамлакат озода мегирад нафас

Аз насими тоза бо ишқу ҳавас.

Дар саҳаргоҳони ҳикматноки мо

Муждаҳои тоза орад хоки мо.

Боби навро во кунад ҳар як саҳар

Дар китоби бахту иқболу зафар.

Меҳнати халқ аз сари субҳи баланд

Зиндагониро намояд дилписанд.

Эй қалам, гар ту яроқи шоирӣ,

Гар ба эҷоди сухан ту қодирӣ,

Аз ҳаёти мамлакат ғофил намон,

Дар миёни халқ беҳосил намон!

Кори ҳар якрӯзаро идрок кун!

Хизмати аъло ба хоки пок кун!

То ту фатҳеро ба фатҳе зам кунӣ,

Норасоии Ватанро кам кунӣ,

То ба ёронат ту ҳам ёрӣ диҳӣ,

Дар биное аз сухан хиште ниҳӣ,

То ту аз кон санг-ангиште канӣ,

Пораи маъдан ба деге афканӣ,

То ба саҳро ё ба боғи дилнишин

Донае рӯяд зи саъят аз замин.

Эй суруди ман,саҳар пар боз кун,

Дар деҳоту шаҳрҳо парвоз кун.

Фурсатеро ҳам мадеҳ аз дасти худ,

Пеш рав бо зиндагонӣ, зуд, зуд!





1946

УҚОБ



Ҳеҷ донӣ, ту ки уқоб чӣ сон

Меҳрубонӣ кунад ба фарзандон?

Чун баҳоре, ки аз дарахти ҷавон

Аввалин ғунчаро шавад ҷӯён,

Бори аввал уқоби зирак ҳам

Хоҳад аз баччагон пари маҳкам.

Баъд берун аз ошён созад,

Дар фазои кушод андозад.

Гирдашон хеш бо парафшонӣ

Аз ҳар офат кунад нигаҳбонӣ,

То ба онҳо паридан омӯзад,

Дуру наздик дидан омӯзад.

Чун бубинад, ки баччагони ӯ

Мустақил мепаранд дар ин сӯ,

Худаш он гоҳ ифтихоркунон

Бипарад ба тамоми фарзандон.



* * * * * * * * *

Ба ту эй халқи Рус-халқи азим,

Ин масалро намудаам тақдим.

Тоҷиконро ту болу пар додӣ,

Қудрати тоза ин қадар додӣ.

Дар ҷаҳон ман надонам аз ту дигар

Халқи аъзамтару диловартар.

Халқи ман ҳамчу зӯри бозуят,

Ҳамраҳи ту бувад ба паҳлуят.

Мову ту одамони як Ватанем,

Якдилу якирода, яксуханем.

Байни дилҳои мо наёбад роҳ

Нияти бад ба мисли зоғи сиёҳ,

Писару духтарони як падарем,

Шӯълаи офтоби як саҳарем.

Бахту тақдири мо ягона бувад,

Мурғи бахти як ошёна бувад.

Давраи қаҳрамонӣ аст огоҳ,

Ки шуда хуни мову ту ҳамроҳ.

Мебарояд сурудат аз дили ман,

Мисли равшан чароғи маҳфили ман.

Дили ман медамад ба ишқи ту,

Дар шаби моҳтоб чун Омӯ.

Зиндаам то даме, ки ман ба ҷаҳон,

Дӯстиро сароям аз дилу ҷон.

Сӯи ту баҳри фазли номаҳдуд,

Халқи мо меравад чу оби руд.

Бо ту, эй халқи руси дурандеш,

Чархи даврони мо кунад гардиш.

Халқҳои Ватан дар оянда

Бо ту монанд шоду поянда.

Бо ту озоду пурзафар монанд,

Эмин аз хавфу аз хатар монанд.





1946

ВАТАН



Баҳор омад, зи умрам боз як соли

дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам

дар сафар бигзашт.



Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту,

Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.



Ба вақти бозгаштан чун расидам

бар ҳудудат ман,

Зи сар то по шудам мафтуну шайдои

намудат ман.

Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,

Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.



Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама

кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо

Ватан масрур.





1965

ЗАМИН

Дар фазо парвоз кардам гарчӣ аз рӯи замин,

Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.

Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,

Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.



Бори аввал дар замин сар шуд тапиданҳои дил,

Бо умеди зиндагӣ заҳматкашиданҳои дил,

Тӯшаи раҳро ба дӯши хештан бардошта,

Сабру тоқатро надониста давиданҳои дил.



Зинда кардам дар замин ман шӯълаи хомӯшро,

Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро,

Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада,

Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.



Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пои ман,

Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман.

То абад, бигзор, бошад шӯълаафкан, шӯълабор

Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.





1965

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.

Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,

Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест.



Рафтам, аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷӯ,

Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугӯ,

Гӯш кардам, рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,

Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рӯ ба рӯ.



Рӯд мегуфтам, ки ӯ оби маро нӯшида буд,

Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд,

Ғӯза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,

Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дӯшида буд,



Чашма мегуфтам, ки омад кӯза бар сар пеши ман,

Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,

Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,

Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.

Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,

Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд.

Модари бечораи ту мухтасар сар то ба по

Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.



Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,

- Модарат,- мегуфт ӯ,- дар кунҷи лаб як хол дошт.

Кулчарӯ, занҷирмӯ, дар қ қомат чун ниҳол,

Гар саволе ояд аз мулло забони лол дошт.



Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,

Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,

Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,

Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.



Дӯст дорам, модарам бо ёди ту қишлоқро,

Рӯдҳои нуқрагину нилгун офоқро,

Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,

Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.



Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,

Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.

Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,

Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!





1966

ИНСОН ВА КӮҲ

Тангдил ҳаргиз набудӣ дар ҷаҳон,фарзанди кӯҳ,

Доштӣ дар санг гарчанде макон, фарзанди кӯҳ.



Кӯҳсори тангро як оламе пиндоштӣ.

Умри зоеърафтаро беғам даме пиндоштӣ.



Шодмон мезистӣ, ки бо уқобон ҳамсафӣ,

Сар ба сақфи осмонию ситора дар кафӣ.



Зистӣ чун рӯди ноором дар оғӯши кӯҳ,

Омад овозат ба гӯш аз синаи хомӯши кӯҳ.



Кӯҳро аз баҳри худ тахти Сулаймон сохтӣ,

Бофтӣ аз сабза қолину ба зер андохтӣ.



Рашк мебурдӣ, ки аз як ҷӯй ҳосил мешавад,

Ҷӯ ба дарёҳои шӯрангез дохил мешавад.



Рашк мебурдӣ, ки кӯҳи сарбаланди нуқрапӯш,

Осмони нилгунро мекашад бар рӯи дӯш.



Рашк мебурдӣ ба раъду барқи фасли навбаҳор

К-ӯ ба як чашмак задан равшан намояд кӯҳсор.



Рашк мебурдӣ, ки дорад бол парранда, ту не,

То саҳар гаҳ кирмаки шабтоб рахшанда, ту не.



Рашк мебурдию месудӣ ду поятро ба санг,

То кушоӣ аз дили хоро раҳи борику танг.



Кӯҳ нашносад туро, гӯяд, ки эй фарзанди ман,

Бехабар мондам, чӣ сон гаштӣ раҳо аз банди ман!



Синаамро кофта осуда тарконӣ маро,

Зилзила нохоста ҳар рӯз ҷунбонӣ маро.



Раъду барқи осмонӣ хира шуд аз дасти ту,

Бо замин моҳи фалак ҳамшира шуд аз дасти ту.



Даст сӯи осмон бардоштанҳоят чӣ шуд,

Домани тақдир маҳкам доштанҳоят чӣ шуд?



Дида азматро дигар нашнохтам,фарзанди кӯҳ,

Сар ба поят ноилоҷ андохтам, фарзанди кӯҳ.





1967

ТОК ВА ЗАМИН

Боғбон токи ҷавонро ба буридан сар кард,

Шираи ток чу ашке ба чакидан сар кард.

Синаи хок - дили модари деринаи мо

Чун дили дардкашида ба тапидан сар кард.



Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,

Бо замин ваъдаи якумр вафо кардан дошт,

Аз дами хоки сиёҳ, аз нафаси гарми баҳор

Ток болида амал кардану сабзидан дошт.





ДАР БОЗОРИ КИТОБ

Ба бозори китоб афтод рӯзе

Гузори шоири дар тобу сӯзе,



Умеде дошт, ки бинад китобаш,

Китоберо, ки бурд аз дида хобаш.



Чи сон хонандаро мафтун намудаст,

Ба гирдаш толибон чун ғун намудаст.



Чи сон ҳар сатри он вирди забон аст,

Суруди дилфиреби ошиқон аст.



Парешонҳол мегардид нозир,

Ба савдои китоби хеш шоир.



Паи хонандагон соат ба соат,

Намешуд канда з-ин қасри саодат.



Яке Пушкин, дигар Хайём мехост,

Суруди ишқ,бонги ҷом мехост.



Садои дил, фурӯғи дида меҷуст,

Дуру дурдонаҳои чида меҷуст.



Тавону сабри шоир тоқ гардид,

Дилаш хонандаро муштоқ гардид.



Касе аммо намепурсид номаш,

На осораш, на шеъраш, на каломаш.



Ба дил гуфт ин чи шӯр асту чи ошӯб,

Ки Пушкин зинда, Хайём аст маҳбуб!



Чаро онҳо ҳанӯз овоза доранд,

Ҷавон гардида рӯҳи тоза доранд.



Чаро онҳо чунин хонанда доранд,

Ки бар Хайёму Пушкинҳо гул оранд.



Мани зинда чаро беэътиборам,

Сари мӯе чаро қадре надорам.



Чаро бозори шеъри ман касод аст,

Магар дар назм мардум бесавод аст.



Ман охир шоири ширинзабонам,

Ҳамовозу ҳамоҳанги замонам.



Бад-ин андеша соатҳо гузаштанд,

Аз ӯ хонандагон огаҳ нагаштанд.



Намедонист шоир, ки ба каф ҷом

Ҳамеша гирд мегардад дар айём.





1967

Шеъри ман!

Хуни ҷигар,ё пораи дил гӯямат,

Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат,

Ё хурӯҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат,

Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,

Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат.

Аз ту омад гар табассум дар лабе, таҳсин туро,

Рафт хоб аз чашми муштоқон шабе,таҳсин туро,

Зистӣ бо мақсаде, бо матлабе, таҳсин туро,

Гар нишастӣ соате дар сӯҳбати ёри азиз,

Шодмон кардӣ диле бо як гапе, таҳсин туро.

Рӯзу шабҳоро паси сар карда, хидмат мекунӣ,

Ҷон фидои номи дилбар карда, хидмат мекунӣ,

Аз арақ пушти лабат тар карда, хидмат мекунӣ,

Гӯш нандозад ба фарёдат агар бераҳм ёр,

Аз фиғон гӯши фалак кар карда хидмат мекунӣ.

Гар даме хомӯш монӣ, шӯру исён мекунам,

Баҳрҳоро ман ба ҷӯш оварда, тӯфон мекунам,

Кӯҳро зеру забар аз зарби вулқон мекунам,

ар ту ёбӣ лоиқи ҳусни нигорам як сухан,

Кишвари дилҳои мардумро гулистон мекунам.

Шеъри ман!

Медонамат зебо саманди ман туӣ,

Рӯзи майдон беамон тиру каманди ман туӣ,

Осмони беғубори дилписанди ман туӣ,

Дуртар, болотар аз арзу само парвоз кун,

Чунки танҳо кавкаби бахти баланди ман туӣ.





1972

БАҲОР





Парда бикшод баҳор аз рухи зебоманзар,

Баст сармои зимистон зи Ватан рахти сафар.

Назар афтод маро сӯи гулу лолаи боғ,

Ҳама ороста дидам,Ҳамаро тозаву тар.

Қадкашӣ дораду сарсабз шуда сарви чаман,

Ба мисоли писару духтари озоди башар,

Бӯи хуш медамаду боди сабо меорад

Ба машоми ман аз он накҳати ҷонбахш хабар.

Булбули маст ба шохи гули бишкуфтаи боғ

Месарояд зи дили шод ба ҳангоми саҳар.

Чун бидидам гули бишкуфта,аз он гашт аён,

Лаби пурхандаи маҳбубаи даврон ба назар,

Гуфтам: эй гул,Зи куҷо ёфтӣ ин сурхии рӯй?,

Гуфт: "Ранги рухи ёри ту ба ман кард асар.

Чу шавад аз паи кораш саҳар аз хона бурун,

Мекунад бо тарабу шодӣ аз ин боғ гузар.

Ман фақат хуррамию авҷу шукуфтан дорам,

Зи хазонам асаре нест дар айём дигар".

Зи ҷавоби хуши гул шод шудам, хандидам,

Фикри устоди чаманпарварам афтод ба сар:

Боғбон аз дилу ҷон тарбияи боғ намуд,

Ҳар яке решаи парвардаи ӯ дод самар.

ӯ ба чашми хиради навъи башар нур диҳад,

Назди вай сархаму таслим шуда шамсу қамар.

Мутрибо, чанг бизан,то ки бирақсем ҳама

Дар баҳори Ватани шод ба оҳанги зафар.





1937



БА ДИЛБАР

I



Эй духтари нозанини қадрас,

Зебанда туро либоси атлас,

Ҷононаи ман фақат туӣ бас,

Чашмак зада ман ба сӯи ҳар кас,

Доим зи паят қадам гузорам.



II



Рӯят, ки ҳамеша лоларанг аст,

Бо куртаи атласат ба ҷанг аст.

Мардум ба ҷамоли ту гаранг аст,

Аҳволи асири ишқ танг аст,

Ман дода зи даст ихтиёрам.



III



Эй дилбари шӯхи бефаранҷӣ,

Як гап ба ту мезанам, наранҷӣ,

Охир зи кадом кони ганҷӣ?

Маҳсули кадом дасти ранҷӣ?

К-з ҳастии ту дар ифтихорам.



IV



Ёро, чӣ шавад, ки гоҳ-гоҳе

Бо гӯшаи наргиси сиёҳе,

Созӣ сӯи ошиқон нигоҳе?

Донӣ ту магар, ки ҳеҷ гоҳе

Дар ҳаҷри ту тоқате надорам?



V



Ҷононаи офтоб - партав,

Аз талъати хеш, эй маҳи нав,

Партавфикани ҳаёти мо шав,

Мебош ба мо рафиқу пайрав,

То ҷон ба ишорате супорам.





1938



ХАНДИДА МЕОЯД





Даме ки дилбарам монанди гул хандида меояд,

Умеди тоза дар дил, нури нав бар дида меояд.



Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро,

Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.



Ба ман дилбар чунон ҳам ошною меҳрубон гаштаст,

Ки ӯ ҳарфи рақибонро дигар нашнида меояд



Баҳори рӯзгораш рангу бӯи сад чаман дорад,

Рухаш гул-гул шукуфта, хотираш болида меояд.



Камоли ҳусну ишқу обрӯ акнун насиби ӯст,

Гули боғи муроди хештанро чида меояд.



Ба ҳар ҷо, ки равад, бо як нигоҳи сеҳрангезаш

Тамоми ақлу ҳуши ошиқон дуздида меояд.



Рақиби беадаб, зиштӣ макун дигар ба рӯи ӯ,

Ки аз ту нозанинам бо дили ранҷида меояд.





1939

ДИЛ-ДИЛИ ЗАЙНАБ





Дар яке аз деҳоти кӯҳистон

Марди пире намудааст макон.

Гарчи мӯи сараш чу барф сафед,

Чашмҳояш вале пур аз уммед.

Чеҳрааш тоза мисли рӯи баҳор,

Соф чун оби чашмаи кӯҳсор.

Хотираш шоду хурраму хурсанд,

Чун дили мардуми саодатманд.

Мисли фӯлоди пухта сахт танаш,

Рафта осори дард аз баданаш.

Сар-сари кӯҳ меравад озод,

Меҷаҳад мисли оҳуи навзод.

Дар хирадмандию заковат пир,

Беназир асту марди ботадбир.

Дорад ӯ эҳтироми ҳар одам,

Дорад ӯ иззати ҷавонон ҳам.

Донад азбаски қиммати инсон,

Гармрӯй аст назди пиру ҷавон.

Дар ҷаҳон ҳар чӣ дидааст ин пир,

Дидаасту шунидааст ин пир.

Гузарондаст зиндагониаш

Гоҳ бо обу гоҳ бо оташ.

Дида дилҳои сахттар аз санг,

Одамони дарандатар зи паланг.

Саргузашташ хулоса ҳаст зиёд,

Ҳаргиз ӯро намераванд аз ёд.

Пири хушбахт духтаре дорад,

Духтари моҳпайкаре дорад.

Қоматаш рост мисли сарви боғ,

Чашмҳояш электрикчароғ,

Гӯиё дар фазои кӯҳистон

Медурахшад ситораи тобон.

Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст,

Зуҳалу Зӯҳра дар низоми ӯст.

Сурх ҳамчун анор рухсораш,

Фораму дилкушост гуфтораш.

Мезанад ҷӯш дар дилаш шодӣ.

Бар рухаш рангу бӯи озодӣ.

Ҳаваси тозае ба сар дорад,

Орзуи нави дигар дорад.

Орзуи ҷавонии умраш,

Мақсади комронии умраш.

Давраи мисли гул шукуфтани ӯст,

Гул зи боғи ҳаёт чидани ӯст.

Дӯст медорад ӯ ҷавонеро,

Писари хубу қаҳрамонеро.

Дар забон номи он ҷавон сад бор

Менамояд чу як сабақ такрор.

Соати тӯй ҳам муқаррар шуд

Иду айёми васл ҳамсар шуд.

Лек дар пеш ҳаст кори дигар:

Нагирифтаст розигии падар,

Пас чӣ сон бо падар сухан ронад,

Падарашро чӣ гуна фаҳмонад?

Падараш балки ҳеҷ розӣ нест,

Балки ин кори ҳазлу бозӣ нест?

Вай дар ин бора сахт ҳайрон буд,

Хотираш з-ин сабаб парешон буд.

Ишқ монанди бод тӯфон кард,

Кӯҳи сабр аз дилаш парешон кард.

Рози пинҳонӣ ошкоро шуд,

Гавҳари мақсадаш ҳувайдо шуд,

Пир завқиду во намуда лаб:

- Духтарам,- гуфт: "дил-дили Зайнаб".





1939







 
 
X

Чтобы скачать данный файл, порекомендуйте его своим друзьям в любой соц. сети.

После этого кнопка ЗАГРУЗКИ станет активной!

Кнопки рекомендации:

загрузить материал